- ангур
- [انگور]меваи ток, ки иборат аз хӯшаҳост ва навъҳои гуногун дорад: ангури бахтиёрӣ, ангури биҳиштӣ, ангури васарға, ангури кишмиш, ангури обакӣ, ангури соҳибӣ, ангури тагобӣ, ангури тоифӣ, ангури дороӣ, ангури соҳибӣ, ангури чиллагӣ, ангури шибирғонӣ, ангури ҳусайнӣ, ангури ҷавз; ангури фахрӣ а) хасангур, ангури ёбоӣ; б) бот. як навъ буттаи ёбоӣ, ки донаҳои кулӯлаи сиёҳ дорад ва боби хӯрдан нест, сагангур; ангури хасак як навъ ангури ёбоӣ, ки хӯрданбоб нест◊ ангур ангурро дида чашмак мезанад // ангур ангурро дида ранг мегирад мақ. таъсири мусбат ва ё манфӣ гирифтани касе аз каси дигар (дар мавриди ба коре ё чизе пайравӣ ё тақлид кардани касе гуфта мешавад); ангура хӯру боғаша напурс гуфт., мақ. дар мавриди кунҷковии бемаврид ё пурсуҷӯи баисрори чизе мегӯянд
Толковый словарь таджикского языка (в 2 томах). — Душанбе, НИИ языка и литературы им. Рудаки. Под редакцией Сайфиддина Назарзода. 2008.